Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли Ҳизби Наҳзати Ислом бо ожонсии "Ховар"



Мирзонабии Холиқзод

Муаллифи саҳифаи интернетии "Ховар" Саид Абдуллоҳи Нуриро шарики куштори раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расулов номидааст.

Шамсиддин Саидов, узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ)ҳадафи аслии нашри мақолаи коршиноси сиёсӣ Суҳроби Ором таҳти унвони "Аз саҳифаҳои парвандаи ҷиноятӣ"-ро дар саҳифаи интернетии дҷонсии ҳукуматии "Ховар" як амали пурғараз ва иғвобарангез дар баробари омодагиҳои ҲНИТ дар ростои маъракаҳои сиёсии ояндаи кишвар ном бурд.

Шамсиддин Саидов мегуяд: "Ин аз иғвоҳои пешазинтихоботист. Давраи интихобот наздик меояд ва ин бешакк як иғвои навбатӣ мебошад. Дуввум, шахсияте, ки дар он ҷо ном бурда мешавад, бо чӣ қадар даводаву илтимосҳои устод (Саид Абдуллаҳи Нурӣ - РО) ба у мансаб дода буданд ва у он ҷо рафту мансаб гирифт."

Бино ба матлаби нашрнамудаи оҷонсии "Ховар", нависандаи мақола Суҳроби Ором дар яке аз муроифаҳои додгоҳии парвандаи куштори Собирҷон Бегиҷонов, собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ширкат намудааст ва оҷонсӣ масъулияти навиштаи уро ба души худи у мегузорад.

Суҳроби Ором дар мақолаи худ овардааст, ки бо фармоиши Саид Абдулоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ ду тан афроди наздик ба оқои Нурӣ дар моҳи майи соли 2001 Бегиҷоновро дар шаҳри Хуҷанд дар назди манзилаш ба қатл расондаанд.

Аммо намояндагони Ҳизби Наҳзати Ислом ин иддаои Суҳроби Оромро қатъиян рад мекунанд ва мегуянд, маҳз бо талоши Саид Абдулоҳи Нурӣ Собирҷон Бегиҷонов аз тариқи саҳмияи сидарсадаи оппозитсияи пешин ба вазифаи раисии ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин гашта буд. Илова ба ин намояндагони ҲНИТ мегуянд, нашри чунин мақола дар оҷонсиии ҳукуматӣ ба он маъност, ки дар паси ин навишта бархе аз мансабдорони ҳукуматӣ низ истодаанд.

Ва аммо аз оҷонсии "Ховар" гуфтанд, ки дар ҳафтаи гузашта як шахс ба идораи "Ховар" меояд ва худро Суҳроби Ором ва як коршиноси сиёсӣ муаррифӣ намуда, ин мақоларо барои нашр гузоштааст.

Вале масъули мурофиаи парвандаи куштори Собирҷон Бегиҷонов, додраси додгоҳи низомӣ Насим Ҳасанов дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи парвандаи Бегиҷонов пушида сурат мегирад ва на хабарнигорон ва на сиёсатшиносон ба он роҳ дода намешаванд.

Намояндагони аршади ҲНИТ мегуянд, ин навиштаи Суҳроби Ором дар рузҳое ба нашар расид, ки ҲНИТ анҷумани худро дар пойтахти кишвар баргузор намуда, омодагии ҷиддияшро дар баробари интихоботҳои сиёсии солҳои 2004 ва 2006 эълон дошт.

Тибқи иттилоъи идораи ҳизби наҳзати ислом, феълан раиси ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо як сафари шахсӣ дар берун аз шаҳри Душанбе қарор дорад ва бо бозгашти у посухи расмии ҳизб ба ин матлаби нашркардаи ожонсии "Ховар" интишор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG