Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фуруши "Игла"-ву "Стрела" маҳдуд мешавад



Мирзои Салимпур



Рузи 18 сентябр дар нишасти вазирони хориҷаи кишвраҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Ялта масъалаи мониагузорӣ дар роҳи фуруши мушакандозҳои навъи "Игла" ва "Стрела" дар ҳудуди кишварҳои узви СНГ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ин бора як мақом аз вазорати умури хориҷии Русия ба хабаргузории ИТАР-ТАСС хабар додааст. Ин манбаъ мегуяд, тарҳи таҳияшудаи қарорро дар ин бора аксари кишварҳои узви ин созмон бо шумули Русияву Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд.

Феълан танҳо Украинаву Гурҷистон дар ин масъала як мавқеъи ниҳоӣ касб накардаанд. Гурҷистон аз ҷумла аз Маскав тақозо намуд, дар бораи чунин мушакандозҳояш дар қисмҳои низомии артиши Русия мустақар дар Гурҷистон барояш маълумоти кофӣ диҳад.

XS
SM
MD
LG