Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои президент чархболи нав месозанд



Салими Аюбзод



Корхонаи чархболсозии Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, нақша дорад, то охири имсол барои президенти Тоҷикистон чархболи махсуси МИ-172-ро бунёд кунад.

Ин ҳавопаймо шакли нав ва такмилшудаи чархболи Ми-8 мебошад, ки нируи бештар дошта, 26 сарнишину мусофир ва то 5 тонна борро бардошта метавонад. Суръати чархбол 260 километр дар соат ва дарозтарин масофаи парвози билофосилаи он 1 600 километрро ташкил медиҳад.

Корхона ҳамзамон ду чархболи МИ-172 месозад, ки дигарияшро президенти Узбакистон фармоиш додааст. Соли гузашта дар ин коргоҳ айни чунин чархбол барои президенти Қазоқистон сохта шуд.

XS
SM
MD
LG