Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ба номаи хабарнигорон посух дод



Раҳматкарими Давлат



Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз гузашти шаш моҳ, билохира ба мактуби саркушодаи сармуҳаррирони нашрияҳои кишвар посух гуфта ва ваъда додааст, ки масоили матраҳнамудаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар ҷавобияи ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ба вазорату мусассисаҳои марбута амр шудааст, ки масъалаи кам кардани андоз ва боҷи гумрукӣ аз нашрияҳоро барасӣ карда, хулосаҳои худро дар зарфи 10 руз ба ҳукумат ироа намоянд.

Дар моҳи апрели соли равон сардабирони нашрияҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони раиси ҷумҳур ва парлумони кишвар хостори бозбинии масъалаи андозсупории нашрияҳо шуданд. Дар ин нома бо ишора ба мушкилоте, ки дар масъалаи табъу нашр вуҷуд дорад, дархост шуда буд, ки дар муҳлати даҳ сол нашрияҳо аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод сохта шаванд.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG