Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ мактабҳои Раштро гарм мекунад



Холиқи Сангин



ЮНИСЕФ - Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Миллали Муттаҳид бо ихтисоси 25 ҳазор доллари амрикоӣ, тасмим гирифтааст, макотиби таълимоти ҳамагонии водии Раштро дар фасли зимистон бо ангишт таъмин намояд.

Бар асоси имзои як қарордод миёни ин созмон ва корхонаи воҳиди истихроҷи ангиштсанги Назарайлоқ, 300 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, қарор аст, то охири моҳи сентябри соли равон 1750 тонна ангиштсанг харидорӣ ва дар миёни макотиби таълимоти ҳамагонии панҷ ноҳияи водии Рашт тавзеъ шавад.

Абдулло Шарофиддинов, сармутахассиси соҳаи ангишти вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзуъ ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Масъалаи таъминоти мактабҳои водии Раштро бо ангишт дар фасли зимистон яке аз масъалаҳои муҳим шуморида, вазорати энергетикаи Тоҷикистон ба корхонаи воҳиди истихроҷи ангишти Назарайлоқ супориш дод, ки бо ЮНИСЕФ қарордод баста, то фаро расидани фасли сармо ҳамаи мактабҳои ноҳияҳои водии Раштро бо ангиштсанг таъмин намояд."

Бар асоси омори расмии вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар панҷ ноҳияи минтақаи Рашт 320 мактаб фаъоланд, ки 264 адади он макотиби ибтидоӣ ва 84-тои дигараш мактабҳои миёнаи нопурраанд.

Бар асоси тавофуқи ҳосила миёни дафтари душанбегии ЮНИСЕФ ва корхонаи воҳиди истихроҷи ангишти Назарайлоқ ҳамаи ин макотиб бо миқдори муайяни ангишт ҷиҳати зимистонгузаронӣ таъмин мегарданд. Мувофиқи нақшаи тақсимоте, ки шуъбаҳои маориф ва ҳукуматҳои панҷ ноҳияи водии Рашт анҷом додаанд, бояд ҳар мактаби ибтидоӣ 3 тонна, мактаби ҳаштсола 5 тонна ва макотиби асосӣ 8 тоннагӣ ангишт дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG