Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як қочоқбари симоб дар Суғд боздошт шуд



Мирзои Салимпур



Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегуянд, дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд як сокини маҳаллиро бо 8 кило симоб боздошт кардаанд.

Ношири ин хабар, хабаргузории "Итар-Тасс" аз қавли вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, нафари боздоштшуда ин миқдори симобро аз як корхонаи маҳаллӣ рабуда, хостааст, онро ба ширкатҳои хусусие бифурушад, ки ба тавлиди ҳароратсанҷҳои маишӣ машғуланд.

Дар ин робита панвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар садади маълум кардани шарикони қочоқбари ноком ва харидорони эҳтимолии ин моддаи заҳролуд мебошад.

Бино ба маълумоти "Итар-Тасс", аз аввали сол танҳо дар шимоли Тоҷикистон аз қочоқбарон наздики 20 кило симоб мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG