Мирзои Салимпур
Рузи панҷшанбе дар шаҳри Алма-Ато, пойтахти иқтисодии Қазоқистон, вазирони роҳу нақлиёти беш аз 60 кишвари ҷаҳон дар як нишасти байналмилалӣ гирди ҳам меоянд. Ҳадаф аз ин нишаст ҷустуҷуи роҳу усули бозкушоии бозори кишварҳои фақиру ақибуфтодаест, ки роҳи мустақими дарёӣ надоранд.
Ба ин анҷуман намояндагони кишвраҳое низ даъват шудаанд, ки интиқоли молу колои чунин кишварҳои маҳрум аз роҳҳои обӣ тавассути қаламрави онҳо анҷом мешавад. Ин кишварҳо бояд муштаракан роҳҳо ва тарифаҳои транзитиеро таҳия кунанд, ки масрафи вақту маблағ барои интиқоли молу колои кишвраоҳи фақирро коҳиш диҳад.
Бино ба арқоми Созмони Милал, 30 кишвари маҳрум аз роҳҳои дарёӣ ба ҳисоби миёна барои транзити моли худ 15 дар сади фоида аз содироти онро харҷ мекунанд.Нисфи ин кившарҳои маҳрум дар қораи Африқо воқеъ буда, дар пойини хатти рушди инсонӣ қарор доранд.
Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистону Афғонистон ва Арманистону Озарбойҷон аз шумули он кишварҳои маҳрум аз роҳҳои мустақими баромад ба уқёнусҳои ҷаҳонианд, ки ба нишасти Алма-Ато даъват шудаанд.
Интиқоли молу колои ин кишварҳо асосан аз роҳи қаламрави Эрону Чин ва Гурҷистону Покистон сурат мегирад.Намояндагони ин чор кишвар низ дар маҷлиси Алма-Ато иштирок хоҳанд кард.