Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Ҳиндустон ба Душанбе меояд



Раҳматкарими Давлат



Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Рогендра Абянкара - муовини вазири хориҷаи Ҳинд - масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳоти мухталиф ва мушкилоти амнияти минтақаро барасӣ кардаанд.

Рогендра Абянкара баъд аз анҷоми мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт: "Дар ростои масоили минтақавӣ мо масъалаи Афғонистон ва Ироқро мавриди баррасӣ қарор додем. Ҳамчунин роҷеъ ба идомаи амалиёти зидди терористӣ ва дар бораи он ки ин маъракаи зидди терористӣ дар кадом марҳала қарор дорад, табодули назар кардем."

Муовини вазири умури хориҷаи Ҳинд дар ҷараёни мулоқоташ бо вазири дифоъи Тоҷикистон ҷузъиёти вобаста ба ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард. У гуфт: "Мо бо вазири дифоъи Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро барасӣ мекунем. Ин ҳамкориҳои мо дар заминаи омодасозии мутахассисони низомии Тоҷикистон дар Ҳинд ва омузиш додани мутахасисони тоҷик аз ҷониби устодони ҳиндӣ идома дорад. Аз ҷумла мутахассисони мо ба кадрҳои артиши Тоҷикистон забони англисӣ ва усули истифода аз дастовардҳои фанноварӣ ва компютериро таълим медиҳанд. Мо бо вазири дифоъи Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи бозсозии фурудгоҳи низомии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳраки Айниро баррасӣ хоҳем кард."

Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон бо Ҳиндустон ахиран густариши бештар пайдо кардааст. Ҳинд дар ихтиёри нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то кунун воситаҳои техникӣ ва сарулибоси низомӣ қарор додааст. Ва дар чанд ҳафтаи пеш нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ҳинд як размоиши муштараки баргузор карданд.

Дар ҷараёни сафари муовини вазири хориҷаи Ҳинд, инчунин масоили муқаддамотии сафари Отал Биҳори Ваҷпайӣ сарвазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст. Қарор аст, дар моҳи ноябр Отал Биҳори Ваҷпайӣ зимни як сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан кунад.

XS
SM
MD
LG