Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ромит ду бомбаи нимтоннагӣ ёфт шуд



Холиқи Сангин



Намояндаи Бунёди байналмиллалии Шветсария оид ба безараргардонии минаҳо, Питер Айзекс, 25 август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати муроҷиати мақомоти амниятии Тоҷикистон дар мавриди хунсо намудани ду бомбаи нимтоннагӣ дар минтақаи Ромит ҳатман иқдом хоҳад кард.

Оқои Айзекс афзуд, азбаски дар мавриди маҳалли вуҷуди ин ду бомбаи авиатсионӣ иттилоъ надорад, аз ин ру то кунун дар роҳи бетаъсир кардани онҳо чорае дида нашудааст.

Ин ду бомбаи авиатсиониро дар канори дарёчаи дараи Мағов ба хотири пинҳон мондан аз сокинони ин минтақа хокпуш намудаанд. Ва бинобар мулоҳизоти аниятӣ онҳо дар ин бора ба ҳеҷ мақомоти амниятии давлатӣ иттилоъ надодаанд. Бо роҳнамоии сокинони ин минтақа мо тавонистем ба маҳҳали вуҷуди бомбаҳо биёем. Танҳо кулоҳакҳои онҳоро тавонистем бубинем.

Дар шуъбаи амнияти минтақаи Ромит гуфтанд, ки дар ин масъала ба мақомоти амният ва ба вазорати дифоъи Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард ва дар авввали моҳи сентябр аз паи безараргардонии бомбаҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG