Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои таъиноти махсус вориди саҳна шуданд



Раҳматкарими Давлат



Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таҷаммуъ ва тазоҳуроти мардуме, ки дар муомилот бо ширкати "Ҷамол-компания" фиреб хурдаанд, дар шаҳри Душанбе нируҳои таъиноти махсус вориди саҳна шудаанд.

Полис ва нируҳои таъиноти вижа тамоми хиёбон ва ҷодаҳоеро, ки ба маркази пойтахт васл мешаванд, баста аст ва рафтуомад дар ин ҷодаҳоро маҳдуд кардааст. Бо ин вуҷуд, афроди зиёде дар гушаҳои мухталиф гирди ҳам омада ва талаб доранд, то маблағҳои онҳо боз гардонида шавад.

Ба рағми он ки Додситонии Кулли Тоҷикистон рузи гузашта аз тариқи телевизион эълон кард, ки дастури бозгардонидани маблағҳои шаҳрвандонро бо масъулини ширкати "Ҷамол" додааст, аммо то кунун касе натавонистааст, маблағи гузоштаи худро аз ин ширкат пас бигирад. Онҳо мегуянд, амри додситонӣ дар бораи додани пули шаҳрвандон иҷро намешавад.

Ҷузъиёти бештар дар гузаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG