Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё "Ҷамол" пули мардумро пас медиҳад?



Раҳматкарими Давлат



Азизмат Имомов, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ба масъулини ширкати "Ҷамол" дар мавриди бозпас гардонидани маблағҳои марум амрномаи додситонӣ додааст.

Оқои Имомов афзуд: "Ман ба муовини мудири кулли ҳамин корхона Наврузова амрномаи додситонӣ дода, талаб кардам, ки баҳри ба шаҳрвандон ва мизоҷон баргардонидани маблағҳояшон ҳамаи чораҳоро андешад."

Аммо Шамсия Наврузова, муовини мудири кулли ширкати "Ҷамол", ки гуфта мешавад, амрномаи додситонӣ ба у супурда шудааст, мегуяд, дар айни ҳол имкони бозпас додани маблағҳои шаҳрвандонро надорад, зеро ин маблағ феълан дар ихтиёри у қарор надорад.

У гуфт: "Бидуни дастури худи мудири кулли ширкат ва дар ҳоле, ки маблағҳо дар бонк ҳаст, ман чунин кореро наметавонам анҷом диҳам, касе маро масъули ин кор накардааст. Кадом маблағро ман ба мардум боз гардонам, вақте маблағ аз бонк бо имзои мудири кулл гирифта мешавад? Маблағи нақдро бошад аз корхона кормандони додситонӣ ҳабс ё мусодира карданд. Ман ин гуна масъулият надорам."

Дар ҳамин ҳол, Саидамир Зуҳуров - муовини сарвазири Тоҷикистон бо ҷамъе аз ашхоси ҷамъомада дар назди идораи додситонӣ мулоқот кардааст. У ваъда додааст, ки мақомот талош хоҳанд кард, то маблағҳои мардум ба онҳо бозпас гардонида шавад.

Ба ҳамин тартиб, муноқиша миёни мардум, мақомот, додситонӣ ва ширкати "Ҷамол" идома дорад. Дар бозор, куча, туйхона ва маъракаҳои оши наҳор мавзуи аввали мавриди гуфтугу сарнавишти нофарҷоми тиҷорати муҳра аст.

Тафсилоти мавзуъ дар гушаи "Гузоришҳо".

XS
SM
MD
LG