Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҷоми пурмоҷарои ширкати "Ҷамол энд Компани"



Раҳматкарими Давлат

Бо дастури Додситонии кулли Тоҷикистон ба дари ширкат муҳр зада, раҳбаронашро боздошт кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти ширкати "Ҷамол энд Компани"-ро, ки ба харидуфуруш ва ё бизнеси муҳра машғул буд, манъ карда ва масъулини ин ширкатро боздошт кардааст.

Азизмат Имомов, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Ҷамшед Сиёев, раиси ширкати "Ҷамол энд Компани" ва сармуҳосиби ин корхона Вячеслав Тсой дар тиҷорати ғайриқонунӣ, фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ва азхудкунии маблағи шаҳрвандон муттаҳам дониста шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол даҳҳо ҳазор нафаре, ки бо ин ширкат ҳамкорӣ доштанд, нигарони саранвишти маблағҳои гузоштаашон дар ин ширкат мебошанд. Мардум аз ин ширкат як қуттӣ муҳраро бо 34 сомонӣ харидорӣ мекарданд ва бо гузашти як муддати таъиншуда баъди ҳамел кардани он ин муҳраро бар ивази 50 сомонӣ ба "Ҷамол энд Компани" пас мегардониданд.

Бо шунидани хабари боздошти масъулини ширкат ва манъи фаъолияти он ин афрод ба майдонҳо ва хиёбонҳои атрофи дафтари ин ширкат ҷамъ омадаанд. Бархе дигар аз ин ашхос дар назди идораи Додситонии кулл ҷамъ омада ва тақозо доштанд, ки Ҷамшед Сиёев аз боздошт озод шавад ва ё кафолати бозгардонидани маблағҳои онҳо дода шавад.

Мақомоти додситонии кул ба шаҳрвандони гирдиҳамомада ваъда кардаанд, ки маблағҳои онҳо аз ҷониби ин ширкат, албатта бидуни он фоидаи чиҳил дарсада, бар гардонида хоҳад шуд.

Ахиран фаъолияти ин ширкат дар аксари авоҳии марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд.

Ба ҳамин тартиб тиҷорати пурсарусадои муҳра дар Душанбе ба фарҷоми пурмоҷарои худ расид, вале он чи ки анҷомаш маълум нест сарнавишти маблағҳои гузоштаи мардум аст, ки бар ивази муҳра ба "Ҷамол энд Компани" супурдаанд.

XS
SM
MD
LG