Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Рустами Чортутиро ёфтаанд?



Искандари Хоҷамирзода



Шореҳ Рофеъ Маллаев дар саҳифаи Интернетии Центразия таъкид мекунад, ки ибтидои моҳи июн дар марзи Тоҷикистону Узбакистон як ҷасади бесар ёфт шуд, ки эҳтимолан ҷасади собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ Рустам Каримов маъруф бо номи Рустами Чортутӣ бошад.

Муаллиф илова мекунад, ки дар соли 1997 Рустами Чортутӣ ҳамроҳ бо собиқ вазири умури дохилӣ Ёқуб Салимов аз мансабдорони ҳукуматӣ ба душманони давлат табдил ёфтанд. Ба қавли Рустам Маллаев Додситониии Кулли Тоҷикистон Рустам Каримовро бо куштори 152 кас муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG