Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёдгарони Анзоб худро муаррифӣ мекунанд



Мирзонабии Холиқзод



Намояндагони ду ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Исломии Эрон "Ҷиҳоди тавсиъаи манобеи об" ва "ДЕГО" ба Тоҷикистон омаданд ва изҳори омодагӣ карданд, ки дар сохтмони тунели Анзоб иштирок мекунанд.

Ин ду ширкат аз ҷумлаи 17 ширкатҳои сохтмонии Эрон мебошанд, ки довталаби тендери сохтмони тунели Анзоби Тоҷикистон ҳастанд. Масъули дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Шодиев 4 август гуфт, бар асоси пешниҳоди вазорат барои анҷоми сохтмони тунели Анзоб дар байни ширкатҳои сохтмонии соҳаи тунелкушоии Эрон тендер эълон карда шуд ва феълан ду ширкат "Ҷиҳоди тавсиъаи манобеи об" ва "Дего" барои муррифии барномаи худ дар Душанбе мебошанд.

Тибқи иттилоъи вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз зимистони гузашта ба ин тараф сохтмон дар тунели Анзоб ба кундӣ пеш меравад. Дарозии тунели Анзоб 5 километр буда, ниҳодҳои сохтмонии Тоҷикистон аз замони шуруъи кор то кунун ҳамагӣ 1 километру 300 метри онро дуруст кардаанд.

Мақомоти масъули Тоҷикистон мегуянд, барои анҷоми сохтмони Нақби Уштур яъне тунели Анзоб 40 миллион доллари Ийолоти Муттаҳида зарур аст. Ҷониби Эрон қаблан барои ҳамин сохтмон 5 миллион доллар ба Тоҷикистон дод ва ҳамчунин тасмим гирифтааст, 21 миллион доллари дигар ба шакли қарзи даромуддат диҳад. Боқимондаи маблағ аз ҳисоби хазинаи давлати Тоҷикистон пардохта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG