Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои муштарак бо Ҳинд оғоз ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Дар машқгоҳи низомии Фахробод, 30-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон, тамринҳои муштараки нируҳои ҳавоӣ ва десантии артиши ин кишвар оғоз шуд. Тамринҳои кунунӣ ба 10-солагии таъсиси нируҳои ҳавоии Тоҷикистон ва ба рузи ташкили нируҳои десантии ин кишвар бахшида мешаванд.

Мақомоти низомии Тоҷикистон мегуянд, дар ҷараёни ин машқҳои низомӣ дар пойгоҳи Фахробод барои бори аввал чатрбозони артиши Ҳинд низ иштирок мекунанд.

Заробуддин Сироҷов, сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, машқҳои Фахробод, ки то рузи 5 август идома хоҳанд ёфт, тибқи як барномаи муборизаи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алайҳи терроризм ва дар чавкоти барномаҳои ҳамкории низомии ин кишвар бо давлати Ҳинд амалӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG