Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон хароб мешаванд



Сафаргули Олимӣ



Вазъи мамнуъгоҳу ҷангалҳои Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад. Ин ақидаи иштирокдорони конфронси илмиест, ки рузи 31 июл дар Душанбе баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур, намояндагони ҳукумат, мутахассисони ниҳодҳои ҳифзи табиат, олимон ширкат доштанд. Иштирокдорони конфронс яке аз сабабҳои аслии харобии мамнуъгоҳҳо ва ҷангалҳои кишварро дар ноогоҳии мардум аз донишҳои экологӣ донистанд. Онҳо гуфтанд, тайи 10 соли ахир баробари костагии иқтисодиёти Тоҷикистон, набуди сузишворӣ ва назорат, мардум ба буридани дарахтон шуруъ кардаанд ва гулу гиёҳҳои нодирро ба манбаи тиҷорат қарор доданд.

Ғолиб Тағоймуродуф сардори департаменти истифодабарии замини вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, гарчанд дар мамнуъгоҳҳо шикори ҳайвонот ва моҳиро қонун манъ карда бошад, ҳам дар ин самт қонуншиканиҳо зиёд ба чашм мерасанд, баъзан ба сарвати мамнуъгоҳҳо сарварони онҳо ба мисли моли шахсии худ муносибат мекунанд.

Яке аз иштирокдорони конфронс Ёқубалӣ Қурбонов, сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, мегуяд аз сабаби камии маош ба кори ҷангалбонӣ одамонро ҷалб намудан душвор аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон чаҳор мамнуъгоҳ ва 16 минтақаи таҳти ҳифозат қарордошта вуҷуд доранд. Масофаи ин чаҳор мамнуъгоҳ, Ромит, Бешаи палангон, Даштиҷум ва Зоркул 174 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG