Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



Академияи санъати Осиёи Марказӣ таъсис шуд. Ин академия, ки ҳадаф аз он густариш ва таҳкими муносиботи фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, дар Бишкек муаррифӣ шуда ва дар ин шаҳр марказ дорад. Тоҷикистонро дар идораи ин академия шоира Гулрухсор Сафиева намояндагӣ мекунад. Академияи санъати Осиёи Марказӣ барои беҳтарин асарҳои ҳунарӣ дар соҳаи адабиёт, санъати тасвирӣ ва филмсозӣ дар соли 2003 ва 2004 озмунеро таҳти номи "Симурғ" эълон кардааст. Барномаҳои ин академия бо мусоидати Бунёди Сорос амалӣ мешаванд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод намоиши аксҳо таҳти номи "Об манбаи ҳаёт" ифтитоҳ шудааст, ки то поёни моҳи август идома хоҳад дошт.

Дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон шурои равобити байналмилал таъсис шуд. Дар нахустин ҷаласаи он Нур Табаров раиси ин шуро интихоб шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин шуро барқарор намудани робитаи Иттиҳоди Нависандагон бо созмонҳои эҷодии хориҷӣ ва хусусан бо адибони тоҷик аст, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд.

"Даҳ шеъри тиллоӣ" таҳти ин унвон даҳ шеъри беҳтарини кудаконаи даҳ шоири тоҷик дар як маҷмуъа нашр шудааст. Ин маҷмуъаро Убайд Раҷаб ва шоир Ҷура Ҳошимӣ таҳия кардаанд. Дар муқоваи китоб навишта шудааст: "Даҳ шеъри беҳтарини сад соли адабиёти кудакон".

Нашриёти "Матбуот" маҷмуаи шоири ҷавон Самариддин Ёқубиро бо номи "Равзаи меҳр" ва китоби ҳикоёти Истад Қосимзодаро бо номи "Ситези зиндагӣ" чоп кардааст.

XS
SM
MD
LG