Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ "Таҷик Эйр"-ро фасодкор медонад



Абдуқайюми Қайюмзод



Раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Шодимат Мирзоалимов дар фасоди молӣ, ҳамдастӣ дар ғорати маблағи муассиса ва суйистифода аз мансаб муттаҳам дониста шудааст. Ин иттилоъ пас аз эълони натоиҷи тафтишоти қаблии Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон интишор ёфт.

Диловар Баротов, сармуфаттиши Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, нисбати як идда аз масъулони ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ба шумули Шодимат Мирзоалимов - раиси ин ширкат ва ҳамчунин нисбати Мирзо Мастонгулов - раиси пешини ширкати мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Диловар Баротов афзуд: "Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Шодимат Мирзоалимов, собиқ директори генералии ин ширкат Мирзо Мастонгулов, сармуҳосиби ширкати мазкур Раҷабалӣ Файзалиев, собиқ сармуҳосиби ширкат Рофеъ Сатторов ва чор масъули дигарро ба поён расонида онҳоро дар содир кардани як силсила ҷиноятҳо муттаҳам донист."

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG