Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон: "Ширкати ҳавопаймоии кишвар саропо олуда ба фасод аст."



Абдуқайюми Қайюмзод

Прокуратураи Нақлиёт алайҳи масъулони баландпояи ширкат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Шодимат Мирзоалимов дар фасоди молӣ, ҳамдастӣ дар ғорати маблағи муассиса ва суйистифода аз мансаб муттаҳам дониста шудааст. Ин иттилоъ пас аз эълони натоиҷи тафтишоти қаблии Додситонии Нақлиёти Тоҷикистон интишор ёфт.

Диловар Баротов, сармуфаттиши Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, нисбати як идда аз масъулони ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ба шумули Шодимат Мирзоалимов - раиси ин ширкат ва ҳамчунин нисбати Мирзо Мастонгулов - раиси пешини ширкати мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Диловар Баротов афзуд: "Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Шодимат Мирзоалимов, собиқ директори генералии ин ширкат Мирзо Мастонгулов, сармуҳосиби ширкати мазкур Раҷабалӣ Файзалиев, собиқ сармуҳосиби ширкат Рофеъ Сатторов ва чор масъули дигарро ба поён расонида онҳоро дар содир кардани як силсила ҷиноятҳо муттаҳам донист."

Бар пояи итиллоъи Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон, тороҷи амволи ширкати мазкур ва ғорати маболиғи ин ширкат дар замони раҳбарии раиси собиқи ширкати мазкур Мирзо Мастонгулов ва мусоидати бевоситаи вай тавассути хазинадор Гулнора Долидзе оғоз шудааст.

Гулнора Долидзе - хазинадори ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ҳудуди сесад ҳазор доллари амрикоӣ ва ё наздик ба як миллион сомониро тавассути таҳияи асноди тақаллубӣ ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Дар ҳоли ҳозир Гулнора Долидзе - хазинадори ширкати ҳавопаймоӣ дар боздошт ба сар мебарад.

Диловар Баротов, сармуфаттиши Прокуратураи Нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, Шодимат Мирзоалимов, вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе мебошад ва танҳо ба ҳамин далел боздошт нашудааст.

Аммо азбаски ҷараёни тафтишот ҳолатҳои нав ва далоили тозаи марбути ин қазияро ошкор кард, парвандаи ҷиноии Шодимат Мирзоалимов барои тафтиш ба Идораи тафтишоти махсусан муҳими додситони кулли кишвар супорида шуд.

Ҳамчунин додситонӣ бо ирсоли як нома ба унвони ҳукумати кишвар дар вазифа боқӣ мондани Шодимат Мирзоалимовро номатлуб хонда, дархост кардааст, то ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирад.

Фасодкорӣ ва тасарруфи моликиятро дар ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" Кумитаи назорати давлатӣ ва Кумитаи давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни тафтишот ошкор кардаанд.

Барои мисол, Кумитаи давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон ширкати ҳавопаймоиро барои бо нархи бештар аз арзиши аслӣ фурухтани чиптаҳо ҷарима кард.Тафтишоти ин кумита нишон дод, ки масъулини ширкат худсарона ҳангоми фуруши чиптаҳо дар парвозҳои дохилӣ илова ба нархи муқаррарнамудаи давлат, 15 доллар афзудааст.

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки дар аксар бахшҳои ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" фасод ва ришвахорӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, як тан аз иқтисодшиносони мустақили тоҷик, барои мисол аз иҷораи ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ин ширкат дар кишварҳои хориҷӣ ном бурд, ки бо сабабҳои номаълум ҳаққи иҷора дар нисбати кишварҳои дигари шуравии собиқ ба маротиб камтар аст.

Ба эътиқоди ҷаноби Умаров, масъулони Ширкати Ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди харидории маводи сухти ҳавопаймоҳо ва зикри арзиши аслии он дар аснод тақаллубкорӣ кардаанд.

Ахиран Кумитаи Назорати Давлатии Тоҷикистон низ аз вуҷуди фасод ва ришвахорӣ дар ин ширкат гузориш дод. Ба иттилоъи ин кумита, масъулони ширкат ба таври ғайриқонунӣ моликияти ширкатро тасарруф ва маболиғи зиёдеро ба тороҷ бурдаанд, ки дар натиҷа ба буҷаи давлат танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ якуним миллион сомонӣ хисорот ворид шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" дар кишвар танҳо ширкатест, ки хидмати мардумро дар ин самт ба анҷом мерасонад. Ин нахустин бор аст, ки як ширкати давлатӣ ба иттиҳоми фасоди молӣ, тасарруфи амвол ва дуздии маболиғи давлат мавриди бозҷӯӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, масъулони баландмақоми он ба додгоҳ кашонида мешаванд.

XS
SM
MD
LG