Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти Каҳане дар Тоҷикистон анҷом ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Метю Каҳане, масъули Барномаи Рушди Созмони Миллал дар Тоҷикистон дар поёни дидораш бо президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов, 24 июл гуфт: "На, он мақсадеро, ки мо дар пеш доштем ҳамаҷониба дар татбиқи он муваффақ нашудем, зеро барномаи мо хеле васеъ буд. Аммо аз он барномаҳое, ки амалан анҷом дода шуданд, қаноатмандам."

Мулоқоти оқои Каҳане бо президенти Тоҷикистон як дидори хайрбодӣ буд, зеро масъулияти у ба ҳайси сарвари Барномаи Рушди Созмони Миллал дар Тоҷикистон ба поён расид.

Вай гуфт, Барномаи Рушди Созмони Миллал дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бисёр муҳим буд. Дар даврае, ки Метю Каҳане фаъолият намуд, бо пуштибонии Барномаи Рушди Созмони Миллал дар Тоҷикистон чандин конфронсҳо ва семинарҳои муҳим дар соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар масъалаи Барномаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба коҳиши фақр, ҷалби донорҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, ва дар баргузории Форуми байналмиллалии об дар Тоҷикистон баргузор карда шуданд.

Оқои Каҳане таъкид намуд, шахсе, ки уро дар ин вазифа иваз мекунад, ҳатман дар роҳи ҳамкориҳои боз ҳам бештари Тоҷикистону Барномаи Рушди Созмони Миллал кушиш хоҳад кард. Ин муассисаи имдодии Созмони Миллал дар аксари манотиқи Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон, Суғд ва дар навоҳии шарқи кишвар намояндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG