Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тендер танҳо як корхона ба фуруш рафт



Мирзонабии Холиқзод



Аз 5 корхонаи саноатие, ки ҳукумати Тоҷикистон 22 июл дар пойтахти кишвар ба тендери байналмиллалӣ гузошт, танҳо яктои он дар ивази 36 ҳазор доллар фурухта шуд.

Шералӣ Гулов, раиси Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, дар тендер сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ширкат доштанд. У афзуд, ягона корхонае, ки ба фуруш рафт ё хусусӣ гардонда шуд, Корхонаи сохтмони пул ва роҳ мебошад, ки дар даҳ соли ахир тақрибан фалаҷ шуда, аз фаъолият бозмонда буд.

Соҳиби нави ин корхона яке аз кормандони масъули Вазорати роҳи Тоҷикистон Абдураҳмон Назаров мегуяд, ҳадафи харидории у аз нав фаъол сохтани ҳамин корхона буда ва бо ҷои нави корӣ таъмин намудани мардум мебошад: "Мо барои он дар ин тендер ширкат кардам, ки ҳамин корхонаро харида, онро аз нав фаъол созам, зеро ин корхонаи зарурист, зеро дар ҷумҳурии куҳистони мо пул ниҳоят зиёд аст ва онҳо ҳатман ба таъмиргар ниёз хоҳанд дошт."

Чаҳор корхонаи дигаре, ки ба фуруш гузошта шуданд, ба монанди Корхонаи истеҳсоли пашм, муассисаи "ТОРГМАШ" ва ду корхонаи дигар аз шаҳри Хуҷанд харидор наёфтанд. Иллати инро раиси кумитаи давлатии амволи кишвар Шералӣ Гулов чунин шарҳ дод: "Мумкин инвесторҳо боварӣ надорад, ки дар оянда ин корхонаҳо аз нав кор мекунанд, ё барои истифодаи онҳо аз нав шароит муҳайё мешавад ё не."

Дар ҳоли ҳозир Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон бар асоси як тарҳ 78 корхона ва муассисаи саноатиро дар тендерҳои байналмиллӣ ба фуруш хоҳад гузошт. Аз ин 13 корхона махсусан барои тендери байналмиллалӣ омода карда шудааст.

Шералӣ Гулов раиси Кумитаи давлатии амвол гуфт, тибқи як тарҳи стратегии дигар ҳукумати кишвар наҳваи ба тендер гузоштани Корхонаи арзиз ё алюминиум ва неругоҳи Норакро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG