Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду узви "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт шудааст



Соҷидаи Мирзо



Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рузи якшанбе, 20 июн хабар дод, маъмурони интизомӣ ду узви созмони мамнуъи "Ҳизб-ут-таҳрир" - ро боздошт карданд.

Ба гуфтаи вазорати дохила, яке аз онҳо ҳангоми паҳн намудани адабиёти "Ҳизб-ут-таҳрир" дар бозори дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ва дигаре дар ноҳияи Кофарниҳон боздошт шуд.

Ҳангоми ҷустуҷу дар манзили маскунии аъзои ҳизбу таҳрир дар Чкаловск ду видеокассетаи тарғиботӣ ва даҳҳо варақа мусодира шуд. Аз оғози сол то кунун дар Тоҷикистон 30 фаъоли "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт ва 12 нафар зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG