Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти рузноманигорони тоҷик хотима ёфт



Раҳматкарими Давлат



Дастёбӣ ба манобеъи хабарӣ яке аз мушкилоти аслии журналистони тоҷик ба шумор меравад. Рузноманигорон ва кормандони расонаҳои хабарии Тоҷикистон зимни баргузории як нишаст дар шаҳри Душанбе, аз иҷро нашудани Қонуни матбуоти кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, аксари мақомоти масъул дар ҳамкорӣ бо матбуот бемасъулиятона амал мекунанд. Ва ахбори лозимро дар мавриди фаъолияти корхона ва муассисаашон дар ихтиёри матбуот қарор намедиҳанд, ки ин хилофи Қонуни матбуот мебошад.

Мухтор Боқизода - раиси Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи хабарнигорони Тоҷикистон - мегуяд, дар риояи қонуни матбуот аз ҷониби мақомот ва масъулини давлатӣ шарти аслии пешрафти озодии матбуот ва таъмини шаҳрвандон ба ахбор аст.

Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон - мегуяд, тамоми мавридҳои риоя нашудани Қонуни матбуот ва нақзи ҳуқуқи хабарнигорон аз ҷониби барномаи мониторинг сабт мешавад ва аз тариқи музокира бо мақомоти ҳукумат бояд ин мушкилоте, ки ошкор гаштааст, ҳал гардад.

Оқои Қаршибоев аз ҳамаи хабарнигорон даъват кард, ба манзури мусоидат ба рушди озодии матбуот дар Тоҷикистон ҳар гуна ҳодисаи риоя нашудани ҳуқуқи хабарнигонро маълум ва дар ин бора бо барномаи мониторинги нақзи ҳуқуқи хабарнигор ҳамкорӣ кунанд.

Барномаи мониторнги нақзи ҳуқуқи хабарнигор дар Тоҷикистон аз чанд моҳи пеш амал мекунад ва қарор аст, то чанд ҳафтаи дигар нахустин гузориш ё ҳисоботи худро дар барои вазъи ҳуқуқи хабарнигор дар Тоҷикистон мунташир кунад.

XS
SM
MD
LG