Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони ихроҷшуда ба Душанбе расиданд



Раҳматкарими Давлат



Беш аз 300 нафар муҳоҷири кории тоҷик, ки аз Русия ихроҷ шуданд, субҳи рузи чаҳоршанбе, 16 июл тавассути ду ҳавопаймои Туполови навъи русӣ ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе оварда шуданд.

Додгоҳи ноҳияи Куйбишеви Вилояти Омск ҳамаи ин 302 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро рузи сешанбе ба далели нақзи муқарароти муҳоҷират дастури ихроҷ додааст.

Томомии ин муҳоҷирон сокинони навоҳии мухталифи вилояти Суғд мебошанд, ки онҳро ширакати "Суғдхориҷакор" бар асоси қарордод бо ширкатҳои "Финансовие ресурси" ва "Бургут"-и вилояти Омск ба Русия фиристодааст. Аммо ин ширкатҳои русӣ ба ин далел, ки коргарони тоҷик бидуни ҳамоҳангии замон ҳозир шудаанд аз қабули онон сарпечӣ кардаанд.

Аммо дар ҳамин ҳол Мамадшо Илолов - вазири кори Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ҳодисаро наметавон депортатсия ё ихроҷ номид, зеро ин мушкил бо айби ширкати "Суғдхориҷакор" эҷод шудааст.

Ба гуфтаи вай, тибқи қарордод ширкати "Суғдхориҷакор" ин ашхосро бояд дар охири моҳи август бояд ба вилояти Омск равон мекард. Худи муҳоҷирони корӣ гуфтанд, ки дар доми фиреб афтодаанд ва ҳудуди ду моҳ дар вилояти Омск саргардон буданд. Ҳар кадоме аз ин афрод барои рафтан ба Русия ба ширкати "Суғдхориҷакор" маблағи 500 сомонӣ пардохт кардаанд.

Онҳо мегуяд, ки барои мутолибаи ҳаққи худ алайҳи "Суғдхориҷакор" ба додгоҳ шикоят хоҳем бурд. Қарор аст, бо мусоидати вазорати кори Тоҷикистон ин афрод тавассути қатор ба вилояти Суғд фиристода шаванд.

XS
SM
MD
LG