Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарроҳхонаи сайёри Кулоб аз нав фаъол шуд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Пас аз 12 соли танаффус дар мавзеъи куҳманзари Кулоб ҷарроҳхонаи сайёр ё худ хидматрасонии санавиатсионӣ ба фаъолият шуруъ кард. Бахтиёр Ҳакимов - сарвари ҷарроҳхонаи сайёр - гуфт, тули 2 моҳи фаъолият кормандони санавиатсия 60 нафар бемори вазнинро, ки ба кумаки оҷили табибони касбӣ ниёз доштаанд, аз варта раҳонидаанд.

Ёрии оҷили санавиатсионӣ дар минтақа ҳануз соли 1974 ба фаъолият пардохта, тули 18 сол, яъне то басташавӣ дар соли 1992 ба ҳазорон нафар аз сокинони деҳоти куҳманзар, чупону геологҳо ва куҳнавардон кумак кардааст. Ва аммо ҷарроҳхонаи сайёр, маъмулан дар замони шуравӣ бо чархболҳо ва ҳавопаймоҳои АН-2, ки дар байни мардум бо унвони "Кукурузник" маъруфанд, муҷаҳҳаз будаанд, ки гуфта мешавад, сатҳи хидматрасониро дар ин самт нишонрастар менамуд.

Имруз ёри таъҷилии санаввиатсионӣ танҳо дорои як ҷарроҳхонаи автомобилӣ аст, ки он ҳам гуфта мешавад, дар аксари маврид, бо сӯзишворӣ таъмин нест. Сузишворӣ усулан аз ҳисоби мизоҷон аст ва дар мавриде, ки як литр бензин 1 сомонӣ қиммат дорад, на ҳар мизоҷ ва ё пайвандони у дар деҳоти куҳманзар метавонанд аз хидмати ҷарроҳхонаи сайёр истифода баранд.

XS
SM
MD
LG