Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон дар Кулоб маркази омузишӣ таъсис дод



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Авоили моҳи июл бо кумаки молии сафорати Ҷопон дар Кулоб маркази омузиши итхтисосӣ барои 640 нафар ифтитоҳ ёфт. Дар марказ донишҷӯён ва бонувони маҳаллӣ бояд курсҳои бозомузии технологияи ҷадид, тиҷорат, забони англисиро гузаранд ва касбҳои дузандагӣ, таббохиро аз бар кунанд. Маркази омузиш ба маблағи беш аз 36.000 доллари амрикоӣ бо техникаи замонавӣ ва компютер муҷаҳҳаз аст.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Такашӣ Камада муншии аввали сафорати Ҷопон дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон ҳамакнун аз зинаи як кишвари кумакхоҳ ба зинаи минтақаи иқтисодаш ру ба тараққӣ табдил меёбад ва Ҷопон тасмим гирифт, барои саҳм доштан дар ин раванд аз тадобири дигар кор гирад ва дар таълиму тарбияи мутахассисини соҳоти мухталиф ба Тоҷикистон кумак расонад.

Ин барои нахустин бор нест, ки сафорати Ҷопон дар минтақаи Кулоб аз раванди донишандузии ҷавонон ва атфол пуштибон мегардад. Тули ду сол ду лоиҳаи созмони ғайриҳукуматии "Умед", ки садорати онро хонум Зулайхо Комилова бар душ дорад, аз пуштибонии молии давлати Ҷопон бархурдор гаштааст. Дар ҳар ду маврид низ ҷопониҳо барномаҳои марказро дар роҳи густариши таълиму тадрис пуштибон буда, дар Кулоб ба маблағи 96.000 доллари амрикоӣ барои 800 кудак ду бинои таълимотии мактаби ҳамагонӣ бунёд кардаанд.

XS
SM
MD
LG