Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 11 миллион доллар қарз мегирад



Соҷидаи Мирзо



Бунёди Кувайт дар умури рушди иқтисоди Араб барои тармими шабакаҳои интиқоли барқи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон беш аз 11 миллион доллар қарз ҷудо кард. Сухангуи Бонки Миллии Тоҷикистон Раҳматшо Додихудоев гуфт, созишномаи тахсиси қарз ба Тоҷикистон аз ҷониби вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи Бунёди Кувайт Ҳишам Ал-Вақоён имзо гардид.

Сухангуи бонк дар бораи шарту шароити ин қарз гуфт: "Муҳлати пардохти ин қарз 24 сол муайян карда шудааст, ки чор соли он боимтиёз мебошад. Соли 2001 - ум Бунёди Кувайт барои бунёди роҳи автомобилгарди Бадахшон ба Тоҷикистон беш аз 16 миллон доллар қарз дод."

XS
SM
MD
LG