Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар лоиҳаи нави Бонки Рушди Осиё



Искандари Хоҷа Мирзода



Бонки Осиёии Рушд Тоҷикистонро дар як саф бо Афғонистон, Камбоҷа, Филиппин ва Шри Ланка ба барномаи нави фавқулоддаи худ дохил кард, ки эҳёи зербино ва ё инфраструктура, барқарорсозии истеҳсолот ва даромадҳои мардум ва ташкили шароити тараққии давомдорро дар назар гирифтааст. Эҳёи баъдиҷангӣ масъалаи афзоиши истеҳсолот ва коҳиши камбағалӣ, табдили давраи гузариш ба давраи тараққӣ ва коҳиши хавфи оғози дубораи низоъҳоро дар бар мегирад.

Бонки Осиёвии Рушд (БОР) дар моҳи декабри соли гузашта намояндагии худро дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, то дар татбиқи барномаҳои ҳукуматии коҳиши фақр саҳмгир бошад. Дар ҳоли ҳозир БОР бо ҳукумат, соҳибкорон ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон робитаи зич дошта, дар ҳамоҳангсозии тақсими кумакҳои башарӣ нақш дорад.

XS
SM
MD
LG