Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маълумоти аҷоибу ғароиби натиҷаҳои раъйпурсӣ дар Русия



Муҳаммадраҳими Сайдар

Дар Русия 18 ҳазору 62 нафар ба ҷонибдории ислоҳи Сарқонун раъй доданд, дар ҳоле ки сафорати Тоҷикистон фақт 13 ҳазор варақаи раъй дошт.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ аз Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ ба иловаҳо ба Сарқонуни ҷумҳурӣ рузи 22 июн дар Русия 18 ҳазору 62 нафар тоҷикистониҳо ҷонибдор ва 273 нафар мухолиф раъй доданд. Раъйдиҳӣ дар 11 шаҳри бузурги Русия баргузор шуд.

Шумораи умумии раъйдиҳандагон 18811 нафар гуфта шуд. Ин дар ҳолест, ки Зоиршо Саидов, муовини сафир ва масъули баргузории раъйдиҳӣ дар Русия, як руз пеш аз оғози раъйдиҳӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, 13 ҳазор барги раъй ва ё бюллетен дар ихтиёр дорем.

Вай гуфта буд: "Аз Тоҷикистон барои Русия қариб 13 ҳазор бюллетен равон карда шуда буд.

Дар посух ба ин суол, ки - "Фикр намекунед, 13 ҳазор варақа барои Русия кам бошад?" , ҷаноби Зоиров чунин посух дод: "Хайр мо метавонем, ҳамин ҷо ташкил карда ҳамин чизҳоро (варақаҳоро) ҳамин ҷо печат (чоп) кунем."

Воқеан ҳам мушоҳида аз ҷараёни раъйдиҳӣ нишон дод, ки чоп кардани варақаҳои раъйдиҳӣ ҳеҷ мушкиле надорад. Дар баргаҳои раъй ҳеҷ гуна муҳр ва ё василаи муҳофизат вуҷу надошт. Ҳамзамон мушоҳида мешуд, ки аксари раъйдиҳандагон аз чигунагии раъйдиҳӣ ва замону макони он хабар надоранд.

Як ҳамсуҳбати мо дар ҳошияи қитъаи овозидӣ дар бозори Черкизи шаҳри Маскав бо интиқод аз онҳое, ки бидуни ошноӣ бо иловаҳо ба Сарқонун раъй медоданд, гуфт: "Инҳо ба сарнавишти худ бозӣ мекунанд." Вай афзуд: "Ин куркурона аст, як иштибоҳи бузург аст, ба назари ман. Чӣ хел фард бидуни ин ки надонад, фардои зиндагиаш чӣ мешавад, фардои ҷомеа чӣ мешавад метавонад тасмим бигирад."

Тайи 10 соли муҳоҷират тоҷикони муқими Маскав бори саввум аст, ки дар маъракаҳои сиёсие чун раъйдиҳии феълӣ дар хориҷ аз ватан ширкат мекунанд. Онҳо дар Русия ду бор интихоботи раёсати кунунии ҷумҳурии Тоҷикистон ва як бор дар раъйдиҳӣ ба иловаҳо ба Сарқонун ширкат кардаанд.

Дар Русия бино ба оморҳои вазорати умури хориҷаи кишвар 124 ҳазор ва ба ҳисобҳои сафорати Тоҷикистон ҳудудан 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад.

Аммо рузи 23 сентябр дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ҳеҷ аҳаде пайдо нашуд, ки шарҳ бидиҳад, ин каму беш чӣ маънӣ дорад. Чаро аз панҷсад ҳазор муҳоҷир танҳо 18 ҳазор раъй дод ва ин ҳам дар ҳоле ки барги раъй танҳо 13 ҳазор будааст? Ва беш 5 ҳазор барги раъй кай ва дар куҷо ва кӣ дар асоси кадом салоҳият чоп кард?

XS
SM
MD
LG