Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА иддаои масъулони референдумро рад кард



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Игор Попов - сарпарасти Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар Тоҷикистон - иддаои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро дар мавриди иштироки ин созмон ба ҳайси нозири референдуми ислоҳи Қонуни Асосӣ рад намуд.

Вай чунин мавзеъи созмонашро дар муқобили иддаои Комиссияи интихоботи Тоҷикистон дар робита ба ин ки Ричард Чемберс, намояндаи ин созмон шаҳодатномаи нозири САҲА дар референдумро дарёфт кардааст, дар як нишасти хабарӣ рузи ҷумъа, 20 июн ба хабарнигорон баён дошт. Ҷаноби Попов гуфт: "Оқои Чемберс танҳо натоиҷи баргузории референдумро дар асоси суҳбат бо маъмурони давлат масъулони аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандони оддӣ арзёбӣ мекунад."

Ва аммо ҷаноби Чемберс мегуяд, баррасии натоиҷи референдум аз суи САҲА ба машруъият ё адами машруъияти он ҳеъ гуна таъсире надорад.

XS
SM
MD
LG