Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Болтуев:"Созмонҳои байналмиллалӣ референдумро назорат мекунанд, ё намекунанд кори онҳост."



Абдуқайюми Қайюмзод

Вокуниши раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нисбат ба адами ширкати СММ ва САҲА дар назорати раъйпурсӣ

"Мо имконияти ҷалби ҳама шаҳрвандони кишварро дар маъракаи раъйпурсӣ роҷеъ ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосӣ надорем. Аммо тибқи қавонини Тоҷикистон ширкати 50 дар сад аз атбоъи бархурдор аз ҳаққи раъй дар раъйпурсӣ кофист, ки баргузории он қонунӣ дониста шавад." Ин суханонро Мирзоалӣ Болтуев - раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ рузи ҷумъа 20 июн изҳор дошт.

Ҷаноби Болтуев афзуд, дар Тоҷикистон се миллион шаҳрванд ҳаққи иштирок ва овоздиҳӣ дар раъйпурсиро дорад. Ва дар сартосари кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 2806 қитъаҳои раъйдиҳӣ ташкил шудааст. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, баргаҳои раъй ба се забон тоҷикӣ русӣ ва узбакӣ нашр ва ба қитъаҳо фиристода шудааст.

Дар посух ба саволи хабарнигорон, ки барои муҳоҷирини кории кишвар чигуна шароитҳои ширкат дар раъйпурсӣ фароҳам сохта шудааст, ҷаноби Болтуев гуфт, барои муҳоҷирин дар 8 шаҳри Русия қитъаҳои овоздиҳӣ ташкил ва бад-ин манзур 220 ҳазор баргаи раъйдиҳӣ фиристода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва коршиносон дар Русия беш аз як миллион меҳисобанд. Аммо аз гуфтаҳои раиси Коммисияи интихобот ва раъйпурсӣ ба назар мерасид, ки ҳамоҳангии ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистон дар амри таъмини назорат аз баргузории референдум вуҷуд надорад.

Ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки чаро Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмиллалӣ иштирок дар амри назорати референдумро рад кардаанд, ҷаноби Болтуев гуфт: "Мо таввасути вазорати корҳои хориҷа ба созмонҳои байналмиллалӣ даъватнома мефиристем. Мо тамоми созмонҳои байналмиллалӣ ва сафоратҳои муқими Душанберо огоҳ карда будем. Онҳо мегуянд, ки чор моҳ даркор, ҳоло он ки раъйпурсии мо кам аз се моҳ аст, мо чӣ хел чор моҳ пеш ба онҳо хабар медиҳем, ки мо худамон дарак надорем, ки референдум мешавад ё намешавад. Вай хоҳиши онҳост, иштирок мекунанд, намекунанд, кори онҳо аст."

Мирзоалӣ Болтуев афзуд, ки дар ҷараёни референдум 29 нафар аз кормандони сафоратхонаҳои хориҷии муқими Душанбе ва Бунёди байналмиллалии интихобот ширкат мекунанд. Аммо сафоратҳои Амрико ва Бритонияи Кабир низ аз фиристодани намояндагони худ барои назорат бар референдум худдорӣ намудаанд.

Ба ҳамин тариқ, ҷаноби Болтуев ба саволҳои хабарнигорон мегуфт, ин савол бояд ба фалон ва фалон ниҳод ироа шавад. Натоиҷи аввалини раъйпурсӣ роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ рӯзи 22 июн пас аз зуҳр, вале натоиҷи ниҳоиаш панҷуми июл эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG