Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА референдумро назорат намекунад



Абдуқайюми Қайюмзод



Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷараёни баргузории маъракаи раъйпурсии ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Қонуни Асосии Тоҷикистон назорат нахоҳад кард.

Салла Кайкҳо, мушовири раиси маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, тасмими аз назорат худдорӣ кардани созмони мазкурро ба фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон марбут донист, ки онҳоро дер даъват намудааст.

Хонум Кайкҳо гуфт: "Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тасмим гирифт, дар раъйпурсии ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон иштирок накунад. Иллат ин аст, ки даъватномаи иштирок дар реферндум ба мо хеле дер расид. Тибқи муқаррарот ҳадди аққал ду моҳ зарур аст, ки аз лиҳози техникӣ омодагӣ сурат бигирад."

Аммо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз ширкат накардани нозирони САҲА дар раванди баргузории раъйпурсӣ изҳори беиттилоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG