Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми Бахтиёр ҷоизаи нав гирифт



Мирзои Салимпур



Дар фестивали "Кинотавр"-и Русия ҷоизаи аввал - "Садбарги тилоӣ"-ро филми "Пиразанҳо"-и Геннадий Сидоров соҳиб шуд. Ин филм рузгори як деҳаи дурдасти Русияро ба навор оварда, аз ҷумла дар ин рустои тақрибан матрук ба мардикорӣ пардохтани муҳоҷирини тоҷикро ҳикоят мекунад. Мардикорони тоҷик билохира дар ин русто ниругоҳи барқи бодӣ сохта, шабҳои торики ин русторо фурузон мекунанд.

Дар саҳнаи ниҳоии филм савтҳои шарқӣ ба тадриҷ сурудхонии мардуми бумиро пахш мекунанд, ки ба ақидаи коргардон аломати пайгирона ба қишлоқи шарқӣ табдил ёфтани деҳоти Русия мебошад.

Коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар озмуни "Кинотавр" филми "Шик"-ашро ба маърази тамошо гузошта, баррандаи "Гран При"-и ин фестивал шуд. "Гран При" аз лиҳози эътибор ҷоизаи дуввуми "Кинотавр" ҳисоб мешавад.

Филми "Шик" аз рузгори ҷавонони сокини як шаҳраки бандарӣ ҳикоят мекунад ва ҳаводисаш ба фарқ аз филмҳои пешини Бахтиёр Худойназаров ҳеҷ рабте бо Тоҷикистон надоранд. Бахтиёр Худойназаров дар ин сабқат бар коргардонҳои тавонои рус ба мисли Вадим Абдурашидов ва Элдар Рязанов баранда шуд.

XS
SM
MD
LG