Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмонов дар Теҳрон идома дорад



Искандари Хоҷа Мирзода



Дар нахустин рузи сафари Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон се санади ҳамкорӣ дар заминаи масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ имзо шуд.

Бар асоси Эъломияи муштарак, ки шоми душанбе, 16 июн имзо шуд, тарафайн бар лузуми талош барои таҳкими ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф таъкид карданд.

Дар ин Эъломияи муштарак бар зарурати талоши ҷиддии ду кишвар барои мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории созмонёфта таъкид шуд.

Бинобар иттилоъи хабаргузории ИРНА ҳамчунин бар асоси як ёддошти тафоҳум дар мавриди сармоягузории сохтмони неругоҳи барқи обии "Сангтуда" , ки миёни Ҳаким Солиев, вазири тиҷорати Тоҷикистон ва ҳамтои эронии у Таҳмосби Мазоҳирӣ ба имзо расид, Эрон омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ эълом кард.

Бар асоси санади дигаре, ки миёни мақомоти ду кишвар имзо шуд, Эрон барои идомаи сохтмони тунели Анзоб ба Тоҷикистон 5 миллион доллар медиҳад.

XS
SM
MD
LG