Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро нозирони СММ аз назорати раъйпурсӣ дар Тоҷикистон даст кашиданд?



Абдуқайюми Қайюмзод

Ба назари коршиносон, ширкат накардани нозирони СММ дар маъракаи раъйпурсӣ ба зарари имиҷи байналмилалии Тоҷикистон хоҳад буд.

Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷараёни назорат ба баргузории маъракаи раъйпурсӣ ба манзури ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии Тоҷикистон, ки қарор аст рузи 22 июн доир гардад, ширкат нахоҳад кард.

Гизела Наук - мушовири сиёсии раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон - гуфт: "Мо танҳо дар ҳафтаи гузашта даъватномаи ширкат дар раъйпурсиро дастрас кардем. Ва ин имкон намедиҳад, ки нозирони мо ба таври ҷиддӣ омода шаванд. Тибқи муқаррароти Созмони Миллал ҳукумат бояд барои баргузории референдум ва ё интихобот моро чаҳор моҳ қабл дар ҷараён бигзорад."

Аммо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтанд, Созмони Миллали Муттаҳид чанд руз пеш бо ирсоли нома хостори ширкати нозиронаш дар маъракаи референдуми ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон шуда буд.

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, чаҳор моҳи қабл ҳануз рузи баргузории раъйпурсиро худи Комиссияи марказии интихобот намедонист. Вай мегуяд:"Созмони Миллали Муттаҳид аввалин бор муроҷиат карданд, ки дар назорати раъйпурсӣ ширкат мекунад. Мактуби онҳо дар дасти мо ҳаст ва намояндаашонро низ гуфта буданд. Ду руз пас онҳо мактуб фиристоданд, ки дар ким-кадом мактуби СММ гуфта шудааст, ки чор моҳ пеш аз маъракаи раъйпурсӣ мо онҳоро огоҳ мекардем. Лекин мувофиқи Қонуни Тоҷикистон дар бораи раъйпурсӣ раъйпурсӣ се моҳ пеш моҳи март муайян гардида буд. Мо ҳамон моҳи март Созмони Миллали Муттаҳидро огоҳ кардем, вале онҳо мегуянд, ки мо бояд онҳоро чор моҳ пеш огоҳ мекардем. Аммо дар он вақт мо худамон замони раъйпурсиро намедонистем. Ва Созмони Миллал низ намояндаашонро бозхонд.

Аз Гизела Наук, мушовири масоили сиёсии раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон пурсидам, ки далели бозхонди нозири СММ дар маъракаи раъйпурсӣ чӣ аст. Вай чунин ҷавоб дод: "Мо ҳеҷ гуна феҳрасти нозиронро тартиб надодаем ва ба Комиссия пешниҳод ҳам накардаем. Мо ба таври расмӣ барои назорат ба раъйпурсӣ даъват нашудаем."

Дар ҳамин ҳол ба назари коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ ширкат накардани нозири СММ муътабартарин ниҳоди байналмиллалӣ дар маъракаи раъйпурсӣ ҷиҳати ислоҳоти Сарқонуни Тоҷикистон ба зарари имиҷи байналмилалии Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд.

Коршиноси тоҷик Суҳроб Шарипов мегуяд, баргузории референдум бидуни ҳузури нозирони СММ дар як чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ба обруи байналмилалии Тоҷикистон беасар намемонад: "Албатта мо афсус мехурем, чунки ширкат кардани нозирон аз ин гуна созмони байналмиллалии бонуфуз хеле хуб мебуд."

Аммо дар ҳамин ҳол ба эътиқоди масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон раъйпурсӣ ифодаи иродаи халқи Тоҷикистон аст ва ширкат накардани ниҳодҳои байналмиллалӣ машруъияти ин назарпурсии умумиро таҳти шубҳа нахоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG