Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи молиявӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст гардид



Саидқосими Қиёмпур



Дар авфи молиявии Тоҷикистон 16 ҳазор сокини кишвар ширкат карда маблағҳои бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҷамъовардаи худро қонунӣ гардонидаанд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳисобҳои махсуси бонкҳои кишвар беш аз 154 миллион доллар, наздики 72 миллион рубли русӣ ва 55 миллион сомонӣ ворид шудааст ва маблағи умумии сармояҳои афвшуда 175 миллион долларро ташкил медиҳад.

Маъракаи афви молиявӣ дар Тоҷикистон аз 1 апрел то 10 июн идома кард.

XS
SM
MD
LG