Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қарзҳои Русияро бармегардонад



Сафаргул Олимӣ



Тоҷикистон шуруъ аз соли 2004-ум то соли 2018-ум ҳар сол 18 миллиондолларӣ қарзи Русияро бармегардонад. Ин яке аз шартҳои созишномаест, ки миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди тамдиди замони бозпардохти қарзҳои Тоҷикистон ба Русия ба тасвиб расид.

Тоҷикистон аз Русия ба маблағи анқариб 300 миллион доллар қарздор аст. Тибқи ин созишнома пас аз се соли имзои ин санад, яъне соли 2004-ум Тоҷикистон солона танҳо 4 фоизи маблағаҳоеро мепардозад, ки аз ҳисоби қарзҳои гирифтааш ҳосил шудаанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 980 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар сурати ҳар сол 18 миллион долларӣ пардохтани ин маблағ, Тоҷикистон то соли 2018 сесаду наваду ҳафт миллион доллари қарзҳои хориҷиашро бармегардонад.

XS
SM
MD
LG