Искандари Хоҷа Мирзода
Президенти Украина Леонид Кучма ба Созишнома оид ба ҳифзи тарафайни сармоягузориҳо миёни Тоҷикистону Украина имзо гузошт.
Ин ҳуҷҷат 6 июли соли 2001-ум дар Киев имзо шуда, ахиран аз тарафи парламенти Украина - Верховна Рада ба тасвиб расида буд.
Агар баъди даҳ сол Тоҷикистону Украина дар мавриди ин созишнома ихтилофе надошта бошанд, он ба таври автоматӣ панҷсолӣ тамдид меёбад.