Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз СММ дархости кумак кард



Соҷидаи Мирзо



Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки дар рафъи паёмади офатҳои табии ахир кумаки оҷил расонад.

Ба маълумоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов селу ярчи авоили моҳ 2500 нафарро бесарпаноҳ гузошт, 700 манзили маскуниро қисман хароб кард ва теъдоди зиёди роҳу пул ва шабакаҳои интиқоли барқро аз кор баровард.

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҳама бештар хисорот дидааст. Дар натиҷаи боронҳои сел 5 ҳазор гектар замин ғайриқобили истифода гардидааст.

XS
SM
MD
LG