Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов бо Линн Паско мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Линн Паско муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар умури кишварҳои муштаракулманофеъ масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ кардаанд. Линн Паско баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистонро ба унвони як шарики хуб ва дуст арзёбӣ мекунад.

Оқои Паско афзуд: "Мо масоили зиёдеро, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб ҳастанд, баррасӣ кардем. Мо роҷеъ ба масоили минтақаӣ ва манофеъи муштаракамон суҳбат кардем. Ва инчунин раванди ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон низ аз мавзуҳои мавриди баҳси мо буд."

Оқои Паско ҳамчунин афзуд, Амрико омода аст ба бахши кишоварзии Тоҷикистон, ки ба асари фалокатҳои табиӣ зарари фаровон дидааст, ба андозаи 10 миллион доллар кумак намояд.

Дар робита ба баргузории референдуми оид ба ислоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон ҷаноби Линн Паско гуфт, ин мавзуъ кори дохилии ин кишвар аст ва мо танҳо интизор дорем, ки ин раъйпурсӣ бо риояти қавонин ва ба таври шафоф сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG