Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе 188 кило ҳероин мусодира шуд



Салими Аюбзод



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 9 июн хабар дод, кормандони ин вазорат дар як амалиёти махсус наздики 200 килограмм ҳероинро аз як мошини "Камаз" пайдо карданд. Ҳангоми амалиёт як гуруҳ қочоқбарони маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуданд.

Сухангуи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Худойназар Асозода дар ин робита гуфт: "Дируз як гуруҳи қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шуданд, ки аз онҳо ба миқдори махсусан зиёд, 188 килограмм маводи сахттаъсири ҳероин ёфт ва мусодира гардид. Айни ҳол ҳамаи далелҳои шайъӣ гирд оварда шудаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад".

Худойназар Асозода ҳамчунин хабар дод, ки дар натиҷаи чандин амалиёти ҳамсони нируҳои интизомӣ аз аввали соли равон зиёда аз якуним тонна маводи мухаддир мусодира гардид, ки 1300 килои онро ҳероин ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG