Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амонатро намебояд хиёнат



Мирзои Салимпур

Давлати Тоҷикистон мехоҳад эътимоди мардум ба бонкҳои кишварро дубора эҳё кунад.

Кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар як нишасти алоҳида лоиҳаи қонуни замонати сармояҳои аҳолӣ дар бонкҳои тиҷоративу хусусии кишварро мавриди баҳсу гуфтугу қарор додаанд.

Лоиҳаи ин қонунро вакили Маҷлис Маҳмад Раҳимов таҳия кардааст. Маҳмад Раҳимов дар як суҳбати ихтисосӣ ба Родиёи Озодӣ гуфт, ҳадафи аслӣ таъсиси як сандуқи вижаи ғайритиҷоратиест, ки тавонад дар сурати варшикастагӣ ва ё барҳам хурдани бонкҳои хусусӣ ҷуброни сармояҳои дар чунин бонкҳо гузоштаи аҳолиро таъмину тазмин кунад.

Маҳмад Раҳимов меафзояд: "Ин қонун ба Бонки Амонатгузорӣ татбиқ намешавад, балки ба он бонкҳое татбиқ мешавад, ки тиҷоратӣ, яъне хусусӣ ҳастанд. Дар асоси шартномаи байни ҳамин бонкҳо як фонд ташкил карда мешавад, ки ҳангоми барҳамхурӣ ва ё муфлисшавии бонкҳои тиҷоратӣ маблағи пулҳое, ки аз ҳисоби бонкҳои муфлисшуда дода намешаванд, аз ҳисоби ҳамин фонд ҷуброн карда мешавад. Фонд ташкилоти ғайритиҷоратӣ эътироф карда мешавад. Барои он ки ҳамин маблағҳои пулӣ ба ин фонд гузаронда шаванд, ду тартиб муайян шудааст: Яке, ҳаққи яквақтаи узвият ва дигарӣ - ҳаққи календарӣ, яъне ҳар семоҳа бонкҳои тиҷоратӣ ба ҳамин фонд маблағи муайянеро пардохт мекунанд."

Маҳмад Раҳимов, узви Маҷлиси Намояндагон ва муаллифи тарҳи қонуни замонати пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон мегуяд, қабули ин қонун бар эътимоди мардум ба низоми бонкӣ ва ба вижа ба бонкҳои хусусиву тиҷоратӣ хоҳад афзуд.

Ин дар ҳолест, ки бахши аъзами мардум ҳатто ба бонкҳои давлатӣ бо шумули Амонатбонк бовару эътимоди чандоне надоранд. Аксарияти аҳолӣ аз замони пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ба ин тараф дасти кам се маротиба сармояҳои дар бонки давлатии амонатӣ гузоштаашонро аз даст доданд ва то кунун ҷониби давлат дар ҷиҳати ҷуброни талафоти молии онҳо аз таварруму мубодилаҳои батакрори пули миллӣ иқдоме руи даст нагирифтааст, ки онҳоро қаноат дода тавонад.

Маҳмад Раҳимов мегуяд, масъалаи сармояи аҳолӣ дар бонкҳои давлатиро қонуни низоми бонкии Тоҷикистон танзим мекунад, вале парлумон акнун дар садади таҳрири он шудааст.

Вай афзуд: "Дар банди дуввуми моддаи дуввум навиштем, ки кафолати ҷуброни амонати шахсони воқеъие, ки дар Бонки Амонатгузории ҶТ мебошад, мувофиқи қонуни ҶТ "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" амалӣ карда мешавад. Мувофиқи моддаи 40-уми ҳамин қонун, кафолати амонати шаҳрвандоне, ки пасандозҳои худро дар бонкҳои давлатӣ мегузоранд, аз тарафи ҳукумати ҶТ дода мешавад. Акнун дар назар аст, ки қонун дар бораи Бонки Амонатӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад. Ин масъала, албатта, дар он ҷо аниқ карда хоҳад шуд."

Қарор аст, тарҳи қонуни замонати пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои тиҷоративу хусусӣ рузи ҷумъа дар иҷлоси навбатии кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон дубора баррасӣ шуда, баъдан дар ихтиёри шурои ин маҷлис вогузор шавад.

XS
SM
MD
LG