Искандари Хоҷамирзода
Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон узви фаъоли созмони ғайриқонунӣ бо номи Ҳизб-ут-Таҳрир Саидкамолиддин Носировро, ки шаҳрванди Узбакистон мебошад, ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар дафтари матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба мухбири ИТАР-ТАСС гуфтаанд, ки мурофиа рузи чоршанбе ба охир расид ва ҷурми Саидкамолиддин Носиров - ширкати фаъол дар созмони мамнуъ - пурра исбот шуд.
Баъзе нашрияҳо навиштаанд, ки Носиров матнҳои арабии Ҳизб-ут-Таҳрирро ба забони тоҷикӣ тарҷима мекард.
Созмони Ҳизб-ут-Таҳрир ҳадаф дорад, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ як давлати динбунёд ба мисли Хилофати Исломии асрҳои миёна барпо намояд.
Ба гуфти кормандони Додгоҳи Олии Тоҷикистон, мақомоти Узбакистон се сол боз дар ҷустуҷуи Носиров мебошанд. У ибтидои соли равон дар вилояти Суғди Тоҷикистон дастгир шуд. Ҳангоми боздошт аз Носиров адабиёти ифротгароёна ба забони тоҷикӣ, русӣ ва узбакӣ мусодира гардид, ки дар он саркашӣ аз иҷрои қонунҳои давлатҳои дунявӣ тарғиб мешуд.
Ба навиштаи ИТАР-ТАСС сар аз оғози соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 15 шахси муттаҳам дар узвияти созмонҳои ифротгаро боздошт шуда, се нафари онҳо ба муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гаштанд.