Саидмуҳиддини Оймуҳаммад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи эътироф ва иҷозаи интиқоли моликияташон дар қаламрави ҳамдигар тафоҳум ҳосил карданд. Ин тафоҳум ҷузъе аз натиҷаҳои кори чаҳорумин комиссия ҳамкориҳои муштараки иқтисодии ҳар ду кишвар аст, ки ахиран дар Душанбе баргузор шуд.
Акбари Тураҷонзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди аҳдофи ин нишаст гуфт: " Ҳудуди 13 номгуи масоилест, ки мавриди баҳси мо қарор доранд. Аз ҷумла муайян кардани он моликияти Тоҷикистон, ки аз замони шуравӣ дар ҳудуди вилояти Уши Қирғизистон аст. Акнун фурсат расид, ки вазъияти ҳуқуқии автобазаҳо ва анборҳои мавҷуд дар вилояти Уш байни ду кишвар ҳалли худро пайдо кунад."
Муовини нахуствазири Тоҷикистон афзуд, яке аз масоили умдаи ин нишаст мавзуи тавзеъи захоири об дар манотиқи марзии ҳар ду кишвар аст. Ин мавзуъ борҳо боиси бурузи даргириҳо миёни мардумони ҳар ду кишвар дар манотиқи ҳаммарз гаштааст. Аз ин ру, тавофуқоте, ки имруз дар мавриди танзими истифодаи об дар манотиқи марзӣ ба даст омад, хеле муҳим аст.
Аммо дар мавриди масъалаи истифодаи захоири оби Осиёи Марказӣ, мегуяд оқои Тураҷонзода, ҳар ду тараф ваҳдати назар доранд. Вай меафзояд: "Мо ваҳдати назар дорем, ки ин сарвати миллӣ аст ва ҳамчуноне, ки газу нафт фурухта мешавад, бояд об низ дар оянда нархи худро дошта бошад."
Комиссияи муштарак ҳамчунон масоили ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва бунёди як маркази тиҷорати Қирғизистонро баррасӣ намуд. Протоколе, ки комиссияи муштарак таҳия мекунад, барои имзо дар ихтиёри нахуствазирони ҳар ду кишвар гузошта мешавад.
Қарор аст, нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон рузи 4 июн дар шаҳри Душанбе музокирот анҷом диҳанд. Умдатарин мавзуъи гуфтугуи онҳо тамдиди замони иҷораи 57 000 гектар замини Қирғизистон ба Тоҷикистон дар минтақаи Олой хоҳад шуд.