Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо аъзои СҶТ музокира мекунад



Абдуқайюми Қайюмзод



Тоҷикистон ба музокироти дуҷониба бо кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат барои ворид шудан ба ин созмон оғоз мекунад. Ин масъала рузи душанбе, дар як мизи гирде, ки бо ибтикори Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария, Пажуҳишгоҳи таълим ва таҳқиқоти Созмони Милалли Муттаҳид ва вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Ҷараёни ворид шудани ҳар як кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (СҶТ) мутафовит аст ва ин ки ин раванд барои Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд, вобаста аз натиҷаи музокирот миёни мақомоти Тоҷикистон ва гуруҳи коршиносони созмони мазкур мебошад. Яке аз шартҳои асосии узви СҶТ гаштани Тоҷикистон мутобиқ сохтани қавонини тиҷории кишвар бо асноди ин созмон аст. Замони қабул шудани Тоҷикистон ба СҶТ марбут ба он хоҳад буд, ки Тоҷикистон тайи кадом муддат қавонинашро бо меъйорҳои ин созмон мутобиқ месозад.

XS
SM
MD
LG