Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алӣ дар бораи Ҷалолиддини Румӣ филм месозад



Тоҳири Сафар



Музаффар Алӣ филмсози машҳури ҳиндӣ ният дорад, ба зудӣ як филми 10 миллиондолларӣ дар бораи зиндагии Ҷалоллидини Румӣ бисозад. Вай умедвор аст, дар таҳияи ин филм аз ҳунармандони машҳур ҳамчун Ал Пачино ва Роберт Дениро кумак бигирад.

Ба навиштаи рузномаи "Таймс оф Индия", Муззафар Алӣ, ки баъд аз сохтани филми "Умров Ҷон" - шоири ҳиндӣ ба шуҳрат расид, ин бор дар назар дорад, саргузашти Ҷалолиддини Румиро ба филм дароварад.

Алӣ гуфт, номи ин филм "Румӣ" аст ва дар Англияву Ҳиндустон бо кумаки ҳунарпешаҳои ҳиндӣ ва Ҳолливуд сохта хоҳад шуд". Ба гуфтаи коргардон, сенарияи ин филмро як муҳаққиқи лаҳистониасли амрикоӣ, ки китобҳои Румиро хондааст менависад.

XS
SM
MD
LG