Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия созишнома имзо мекунанд



Муҳаммадраҳими Сайдар

Созишномаи ҷониби Тоҷикистон чанд моҳ пеш омода буд, аммо ба сабаби нотайёр будани ҷониби Русия имзои он ба таъхир афтод.

Ҳукумати Русия созишномаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистонро омода кард. Дар ин бора Алексей Горшков - сухангуи аршади ҳукумати Русия ба рузи 30 май ба хабарнигори Радиёи Озодӣ дар Маскав хабар дод.

Рузи 29 май дар ҷаласаи ҳукумати Русия масъалаи тасвиби созишномаи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ва табааи Русия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Абдулмаҷид Сурхаков - намояндаи вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия низ ин масъаларо таъйид кард. Вай гуфт, созишномаи ҷониби Тоҷикистон ҳануз чанд моҳ пеш омода буд, аммо ба сабаби нотайёр будани ҷониби Русия имзои он ба таъхир афтод. Ва акнун ҳукумати Русия аз омодагии худ эълом дод ва дар назар аст, моҳи июн дар Душанбе ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG