Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли студияи "Ҷаҳон" бо Комиссияи литсензионии Тоҷикистон



Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Комиссияи литсензионӣ гуфтааст, ҳафтаи оянда қарори худро дар мавриди додани иҷозанома ба ин студияи мустақили телевизионӣ эълон мекунад.

Усмон Назиров - узви Кумитаи равобити байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиёи Озодӣ гуфт: "Масъалаи додани литсензия ва ё иҷозаномаи фаъолият ба студияи мустақили телевизион ва радиёи "Ҷаҳон" дар кумитаи парлумон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст ва ҳафтаи оянда Комиссияи литсензиони тасмими ниҳоии худро дар ин бора изҳор хоҳад дошт.

Студияи ғайриҳукуматии телевизион ва радиёи Ҷаҳон ибтидои соли 2001 таъсис шуда, мехохад барои пойтахти Тоҷикистон ва манотиқи атрофи он барномаҳои телевизионӣ пахш намояд, вале то кунун натавонистааст соҳиби иҷозаномаи фаъолият шавад. Ба гуфтаи Зафар Қурбонов - сарвари студияи "Ҷаҳон" тайи ин муддат дархостҳои пайдарпайи онҳо аз ҷониби Комиссияи литсензионии назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиёи Тоҷикистон бо сабабу баҳонаҳои гуногун рад шудааст. У гуфт, агар муроҷиати ахири студия, ки унвонии президенти Тоҷикистон, парлумони кишвар ва намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар заминаи гирифтани литсензия ирсол кардаанд, беҷавоб монад, маҷбуранд аз додгоҳҳои байналмиллалӣ додхоҳиву кумак ҷуянд.

Зафар Қурбонов сабаби аз додани литсензия ба студияи "Ҷаҳон" худдорӣ варзидани Комиссияи литсензионии назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиёи Тоҷикистонро дар он мебинад, ки мақомот намехоҳад дар баробари телевизион ва радиёи давлатӣ рақиби наве вориди саҳнаи рақобат гардад. Ҳамчунин оқои Қурбонов тақозои Комиссияи литсензиониро дар мавриди пешниҳоди аснод дар бораи маблағгузорон, пойгоҳ ва имкониятҳои техникии студияи "Ҷаҳон" як навъ пардабардорӣ аз руйи асрори студияи мустақил ва хилофи Қонуни матбуоти Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.

Вале ба назари Муҳаммад Ғоиб - муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиёи Тоҷикистон, ҳамзамон сарвари Кумиссиюни литсензионӣ барои то кунун соҳиби литсензия нагаштани студияи ғайридавлатии Ҷаҳон сабабҳои мушаххас дорад ва аз ҷумла саркашӣ аз додани ин иттилоъ яке аз сабабҳои асосӣ аст.

Ба ҳамин тариқ, студияи мустақили садову симои "Ҷаҳон", ки дар пайи талошҳои сесола то ҳанӯз иҷозаномаи фаъолият дарёфт накардааст, мехоҳад таваҷҷуҳи президенти Тоҷикистон, намояндаҳои парлумони кишвар ва созмонҳои бонуфузи байналмилалиро ба мушкилоти худ ҷалб намояд.

Соле қабл бо чунин як иқдом радиёи мустақили "Азия Плюс", ки низ солҳо пайи дарёфти иҷозаи фаъолият пофишорӣ мекард, оқибат дар пайи мудохилаи бевоситаи раисҷумҳури Тоҷикистон онро дарёфт ва шуруъ ба фаъолият намуд.

XS
SM
MD
LG