Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ёвон 1000 гектар киштзор нобуд шуд



Салими Аюбзод



Бар асари боришоти зиёд дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон сел омад ва ба манзилу киштзорон ва ниҳодҳои зербиноӣ зиён расонд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 27 май хабар дод, ки зиёдтар аз ҳама ду деҳкадаи ноҳияи Ёвон -- Обисурх ва Обимукӣ зарар диданд.

Дар ин ҷо бар асари сел 170 хона хароб шуд, ки аз онҳо шаш хона пурра аз байн рафт. Панҷ пул дар роҳи мошингард ва зиёда аз 1000 гектар пахтаву гандумзор нобуд гардид. Тибқи гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Хатлон, сел ба ноҳияҳои Ғозималик, Ховалинг ва Восеъ низ зарар расонд.

XS
SM
MD
LG