Раҳматкарими Давлат
Рузи душанбе, 26 май дар шаҳри Душанбе форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Дар ин форум намояндагони ҳукумати Олмон ва 17 ширкати саноатии ин кишвар, соҳибкорон ва мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкорони тоҷик ширкат намуданд. Ҳайъати олмонӣ ба манзури омузиши шароити густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аз як ҳафтаи пеш то кунун дар душанбе ба сар мебарад.
Питер Лоренс - сардори департаменти вазорати кор ва иқтисоди Олмон ва роҳбари ҳайъати олмонӣ баъд аз анҷоми нишаст ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Олмон Тоҷикистонро як шарики муҳими сиёсӣ ва иқтисодии ояндаи худ дар минтақа медонад.
Оқои Лоренс афзуд, зимни ин нишаст чанд тарҳи мушаххас барои ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда ва мавриди баррасӣ қарор гирифт. У аз ҷумла гуфт: "Ба мо маълум шуд, ки Тоҷикистон имконоти васеъи рушди нируи барқи обиро дорад, имкони инкишофи соҳаи нақлиёт ба хусус густариши шабакаи роҳҳоро дорад, то ин кишвар бо ҳамсоягонаш ва бо кишварҳои Аврупо молҳоро ворид ва содир намояд ва Тоҷикистон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро дорад, ки он ниёз ба коркард ва интиқол ба хориҷро дорад. Мо ба ин бахш, хусусан ба фаровардаҳои беолоиши экологии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорем."
Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо